БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШИНОХТИ БЕШТАРИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ - АСОСИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИЁН ГАРДИДААСТ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии XСК “Сарой-камар” хониши сиёсӣ роҳандозӣ гардид.

Кормандони масъули ҳизби ноҳияи Панҷ дар ин вохӯрӣ ҳозиринро бо  барномаи пешазинитихоботии ҲХДТ шинос намуда, оид ба муҳим будани маъракаи муҳими сиёсӣ суханронӣ намуданд. Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳуҷҷатест раҳнамо барои расидан ба ҳадафҳои олии давлат.

Инчунин, дар идома иброз шуд, ки ҲХДТ  бо истифода аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси  муаззами худ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати таъмини ширкат дар рушди устувори ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳар як сокини мамлакат шароити мусоид фароҳам оварад, ки маънои заҳмат баҳри манфиатҳои миллӣ доштанро дорад.

Дар охир, бо ташаббуси ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии мазкур дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад!”  230метр  роҳҳои дохилии кӯчаи “50-солагии Қушунҳои сарҳадӣ” сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg