АНДЕША.Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, аз Паёмҳои солҳои қаблӣ ба куллӣ фарқ дошта, дар он пешравии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро Сарвари давлат барраси карда, диққат ва масъулияти моро дар самти амали гардидании ҳадафи 1V –уми стратегии кишвар яъне “Рушди босуръати саноатикунонии кишвар барои солҳои 2020 – то 2030” зарур шуморида, қайд карданд, ки барои бунёду сохтмони корхонаҳои хурду калони саноати заминаи устувор гузошта шудааст.
Аз ин лиҳоз бояд рушди босуръати саноатикунониро дар кишвар ба роҳ монда ҳарчи зудтар корхонаҳои саноатиро бо технологияҳои муосир бунёд созем. Ва барои кор дар он корхонаҳо мутахассисони баландкасбро тарбия ва таъмин намоем, зеро ба мутахассисони касбӣ иҷрои ҳадафҳои навбатӣ имконпазир аст.
Маҷмуи маҳсулоти дохила дар ҳар сол ба андозаи 7,5 % - афзоиш ёфтаистодааст, ки ҳаҷми бучети маҳалии Ҷумҳурӣ 7 % афзуда истодааст. Ҳаҷми буҷети мамлакат 23 – миллард сомонӣ афзоиш ёфтааст; Ҳаҷми музди меҳнат 2,4 % афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба 27,5 % паст фароварда шуда, сину соли миёнаи аҳолӣ ба 75 – сол расидааст, ки ин нишондиҳандаи хуби иқтисоди миллии мост.
Барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2013 қабул шуда буд пурра амалӣ шуд. Даромади буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ба 87,4 миллард сомонӣ расонида шуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба 18% кам хоҳад шуд.
Афзоиши музди меҳнати тамоми ташкилоту муассисаҳои буҷавӣ сол то сол баланд бардошта шуда, аз моҳи сентябри солӣ ҷорӣ 15% маош баланд бардошта мешавад.
Афзоиши неруи барқ дар кишвар дар 7 – соли охир аз 1,3 миллард ва аз 20 миллард киловат зиёд нерӯи барқи истеҳсол мегардад. Дар самти ҳифзи ифтимоии аҳолии кишвар ба шаҳрвандони мамлакат дар ин давра 135 – ҳазор гектар заминро барои истиқомат ҷудо шудааст, ки дар муқоиса гирем дар тули 75 соли Иттиҳоди Шуравӣ дар кишварамон танҳо 75 – ҳазор гектар замин барои сохтмони манзил ҷудо шуда буд. Хушбахтона дар маҷмуъ 1,400 ҳазор оила соҳиби манзили истиқоматӣ гардиданд.
Пешвои миллат ба сокинон муроҷиат намуда, дастур доданд, ки манзилҳои истикоматии худро дар асосӣ нақшаҳои меъмории замонавӣ созанд, ки ба наслҳои ояндаи худ мерос гузоранд, бо ин роҳ дар самти сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Соли равон зиёда аз 130 муассисаи таълимӣ, ки 32 адади онро соҳибкорони маҳали сохта ба мардум пешкаш намуданд, боиси ситоиш аст. Соли 2020 бошад 181 – муассисаи таълими барои 54 – ҳазор ҷои нишаст сохта мешавад, ки ин ҳам барои пурра ба муассисаи таълими таъмин кардани кишвар басанда нест, чунки дар кишвар афзоиши аҳолӣ босуръат буда, мувофиқи ҳисоботҳои омори афзоиши аҳолӣ дар соли 2050 беш аз 17 миллион нафар мерасад.
Дар соҳаи тандурустӣ 154 биноҳои нав сохта ба истифода дода мешавад. Оиди нафаққахурон низ қайд гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 700 ҳазор нафаққахӯр мавҷуд аст, музди маоши нафаққахӯрони маъюб 50 % баланд бардошта шавад. Кумакпулиҳо ба оилаҳои камбинзоат дар маҷмуъ ба 102 миллион расонида шуд. Оиди баланд бардоштани мақому мартабаи занон низ дар пайёми навбати масъалагузори сурат гирифт, ки ин низ боиси дастгирии омма аст.
Дар Пайём оид ба Стратегияи ҷавонон барои солҳои 2020-2030 аз нав таҳия ва пешниҳод намудан, ҳидоят карданд зеро айни замон 257 ҳазор ҷавонон, ки аз онҳо 30% - духтарон мебошанд, нерӯи қавӣ ва созандаи ҷомеаи мо мебошанд.
Мақсад ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки натанҳо ҷавонон балки ҳар як сокини сарзамини азизамон ба саодати беҳтари зиндагӣ шарафёб бошад.
П. Каримзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Данғара