БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ-РО ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҶОМЕА ХУБ АРЗЁБӢ КАРДАНД

ЛЕВАКАНТ. Дар доиар Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии  назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ, Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботӣ дар доираи «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ» ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Чунин вохӯрӣ дирӯз дар ташкилоти ибтидоии «Шабакаҳои барқ» доир гардид, ки дар он нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» пешниҳод шудааст, муҳокима карда шуд.

Намояндагони ҳизбӣ ва аъзои гурӯҳи таблиғотӣ дар суҳбат дар бораи шартҳои асосии интихобот, таъмини шаффофияту демократӣ ва иштироки васеи интихобкунандагон дар баргузор шудани онҳо изҳори андеша намуданд. Ҷамъомадагон фаъолияти ҲХДТ-ро дар ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим арзёбӣ карда, ҷонибдории худро аз Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ изҳор доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg