КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтан аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободкориву созандагӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҳашари умумӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ташкил карда шуд.
Ташаббуси ватандӯстонаро кормандони ҳизби ноҳия бо хушнудӣ пазируфта, дар ҳашари умумӣ фаъолона иштирок намуда, зери дарахту ниҳолҳои гуногунро нарму аз алафҳои бегона ва ҷӯйборҳои обгузарро аз партовҳо тоза карданд.
Инчунин, дар ин радиф дар назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроия ва роҳрави назди бино 400 адад гулҳои гуногуни ороишӣ ва карамгул 100 адад шинониданд, ки ин ба ҳусни маркази ноҳия ҳусни зебогиро зам намуд. Чунин корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла маъракаи кабудизоркунӣ дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вусъати тоза дошта, сокинон ният доранд то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳар гӯшаву канори ноҳияро бо шинонидани дарахту ниҳолҳои гуногуни ороишиву сояафкан, гулҳои рангоранги ороишию хӯшбӯй ба гулистон табдил медиҳанд.