БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар доираи Аксияи ҳизбии “ҲХДТ муттаҳид месозад” бахшида ба Соли нави мелодии 2020 чорабинии идона  дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз Қаҳрамон” доир карда шуд.

Ташкилоти ибтидоии мазкур  ба 40 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои моддӣ расонид, ки дар ин рӯз хурсандии кӯдаконро ҳадду канор набуд.

Бояд тазаккур дод, ки чунин корҳои хайру сахо ва амалҳои неку ватандӯстона дар ноҳия бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аз ҷумла шахсони хайрхоҳу саховатманд  дар Соли нави мелодӣ идома доранд.

Дар қисмати сиёсии  чорабинӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва моҳияти Барномаи пешазинтихоботӣ барои солҳои 2020-2025 андешаронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg