
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сангаҳмад Даминзода” доир ба баррасии Паёми навбатии Пешвои миллат маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндагони ҳизбӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва баромад намуда, қайд карданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26.12.2019 ироа гардид, тамоми мавзӯҳои муҳимми ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида моро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар бояд баҳри ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмату меҳнат кунем.
Дар охир таъкид шуд, ки Паём дастурамали корбарӣ буда, масъулияти ҳар яки моро барои хизмати софдилона дар назди халқу Ватан баланд месозад.