БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МОРО БА СОЗАНДАГӢ ҲИДОЯТ МЕКУНАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Доир ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Сомониён” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлис баргузор гардид.

Мулоқот бо иштирок ва суханронии намояндагии ҳизбӣ ва роҳбари ташкилоти ибтидоии мазкур оғоз гардид.

Нахуст, масъулин баромад намуда, баён доштанд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун барномаи муккамали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуб пазируфта шуд.

Зимнан, чанде аз ҷамъомадагон  дар навбати худ изҳор карданд, ки аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳем бурд то дар амалӣ гардидани нуктаҳои Паём саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg