
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, занону ҷавонон, аъзои Ситоди пешазинтихоботӣ маҷлиси васеъи Кумитаи иҷроия дар давоми соли 2019 ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2020 баргузор гардид.
Дар кори маҷлиси ҷамъбастӣузви КИМ ҲХДТ, И.в. раиси ноҳия Саидзода Ҷамшед ширкат варзида, зимни баромад фаъолияти ҳизбиёнро дар маҷмӯъ дар соли 2019 қаноатбахш арзёбӣ карда, иброз дошт, ки соли 2019 барои ҳизбиёни ноҳия соли фаромӯшнашаванда мебошад, зеро ки дар ин сол бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ мавриди истифода қарор дода шуда, 44 нафар вакилон аз ноҳияи Ёвон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ иштирок намуданд.