БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ РОҲНАМО БА СӮИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилотҳои  ибтидоии “Театр”, “Донишгоҳи давлатии Данғара”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Ориёнбонк”, “Агроинвестбонк”   вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳияи Данғара дар ростои “ Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ!”  баргузор гардид.

Зимни суҳбат роҳбарияти Кумитаи иҷроия  дар доираи мавзӯҳои муҳим, аз ҷумла    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, зикр намуд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ибрози ақида намуданд.

Дар охир барои шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихоботҳои дарпешистода ба аҳли ҷамъомад  маслиҳатҳои судманд дода шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg