БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУТТАҲИДИИ МО ҲАМВАТАНОН ЗАЪФИ МУХОЛИФИН АСТ!

ВОКУНИШ. Равиши таҳаввулоти ҷаҳонишавӣ имрӯз як падидаи муосир маҳсуб ёфта, мусаллам аст, ки ин зуҳуроти пешрафтаи аср дар  фаъолияти  давлатдории минбаъда ҳатман таъсиргузор аст. Метавон ҳадс зад, ки дастрасии озодии инсон ба истифодаи техникаю технологияи муосири интишори маълумот яке аз падидаҳои умдаи раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб ёфта, барои тамоми сокинони сайёра интишори озоди маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фароҳам сохтааст.

Мутаассифона, дар баробари мукаммал гардонидани андешаи сокинон баъзе аз падидаҳои номатлуби истифодаи шабакаи ҷаҳонии интернет ба раванди пешрафту татбиқи арзишҳои фарҳангию сиёсии давлатҳои сайёра таъсиргузор хоҳад буд, ки дар пасманзари интишори андешаҳо метавон мафкураи ҷамъиятиро талқин ба бадбинию хушунат раҳнамун кард.

Дар ҳошияи ин гуфтаҳо метавон қайд кард, ки имрӯз бо истифода аз фазои маҷозӣ барои таъсиргузор будан ба андешаи сокинон дар мавриди дигаргунсозии ҳаёти ҷамъиятӣ, ки як бахши умдаи мухолифини сарсахти давлат дар хориҷ  аз мамлакат муборизаҳои ғоявӣ ва ҷалбсозии сокинони бурунмарзӣ, бахусус ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ба мафкурасозию ақидашӯӣ рӯз аз рӯз шаклу усулҳои навро ба худ касб мекунад.

Охирин нашри суҳбати онлайнии Аҳмад Каримзода «фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ»-и муқими Амрико бо роҳбари сарсахти ба ном паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ бозгӯи он аст, ки барои расидан ба ҳадаф гурӯҳҳои манфиатҷӯю фитнагар аз тамоми имконоти дастдошта бо роҳҳои гуногун истифода бурдан мехоҳанд. Ин ҷо доир ба фишӯрдаи зиёда аз якунимсоатаи «суҳбати ду фаъоли сиёсӣ», ки вуҷудашон пур аз макру дурӯғ аст, мехостам андешаи холисонаи худро доир ба масъалагузориҳои матраҳшуда иброз дошта бошам.

Маълум аст, ки Аҳмад Каримзода фаҳмиши дурусти забони давлатӣ ва қонунгузории амалкунанда дар мавриди баргузории интихоботро надорад ва Тоҷикистонро як шаҳри бедарвоза хаёл кардааст. Аз ронандаи  «КАМАЗ» чиро ҳам интизор буд, зеро маълум аст, ки ӯ ба ҷузъ чамбараки автомобил ва «шаф-шаф»-и зиёдатӣ дар масири роҳ, ки худи ӯ «дальнобойщик» ном  мебарад,  чизи мусбатеро интизор шудан нашояд!  Як ду нафар ҳамватани барҷомондаро дар муҳоҷират дастгирӣ кардану мушкилоти онҳоро осон сохтан ин қарзи шаҳрвандии ҳар як  тоҷику тоҷикистонист. Вале, аз дастгирию хизматрасонӣ ҳангома сохтану манофеи миллиро зери по кардан ин камоли бехирадию ҳавобаландист, ки дар вуҷуди Аҳмад Каримзода сари ҳар як суҳбати онлайнӣ бармало мушоҳида мегардад.

Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон сари мушкилоти муҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз мамлакат ҳеҷ гоҳ бепарво набуду нест ва дар ин масъала сохторҳои марбута дар доираи қавоини байналмилалӣ ҳамеша кору фаъолият мекунанд, вале камранг нишон додани фаъолияти мақомоти давлатӣ дар ин масир муайян месозад, ки ин табор азхудрафтагон ҳадафашон на обрӯи миллат, балки худнамоишдиҳию бадномсозии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонист.

Ё, ҷойи дигар роҳбари худкомаи ба ном паймони миллӣ аз давраи вакили парлумон будану сару садо баланд намуданаш дар мавриди қабули қонунҳо худро васф сохта, гӯё бори души масъулияти давлатдориро дар кишвар танҳо ӯву якчанд нафар вакили дигар мекашидаасту дигарон дар мавқеъгирию назарсанҷӣ бетафовут будаанд.  Чунин шакли назаргузорӣ албатта, ҳам хандаю ҳам ғаши инсонро меорад. Мо хизматҳои пӯшидаю ошкорои Муҳиддин Кабирӣ-раиси ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати исломро медонем ва  дубора ёдрас намудани онҳоро лозим намедонем. Ҳар касе, ки назди мардум чӣ хизмате, ки карда бошад, имрӯз чун оина рӯшан аст, вале хизмати ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом ҳамин аст, ки 150 ҳазор нафар сокинони ин марзу бум дар доираи ақидашӯии наҳзатӣ куштаву беному нишон шуданд.

Дар мавриди назаргузории «ҷаноби» Муҳиддин Кабирӣ вобаста ба ҷанги шаҳрвандӣ метавон эҳсос кард, ки то имрӯз ӯву ҳаммаслаконаш аз аспи ҷаҳл нафаромадаанд. Имрӯз ӯ фронти халқиро гунаҳкори асосӣ меҳисобад, ки гӯё ҳама бесарусомонии солҳои 90-умро размандагони ин ниҳод дар кишвар амалӣ сохтанд. Саволи матраҳ ин аст, ки оё ягон нафар аз намояндаи фронти халқӣ то он лаҳзае, ки тарафдорони ҳизби наҳзат бо яроқ дар майдони «Шаҳидон» таъмин шуданд, тарафи касе тир кушод? Аввалин шуда наҳзатиҳо барои амалӣ намудани хостаҳояшон соҳиби тиру туфанг шуданд ва ҳатто дар симои сокинони бумии қисмати ҷанубии мамлакат душмани асосии худро медиданд. Ҳолатҳое, буд, ки рафту омади мардуми ҷануби мамлакат, бахусус донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои пойтахт таҳсил мекарданд, назорат гардида, онҳоро ба қатл мерасониданд. Оё даъвои рӯирости мубориза ба муқобили мардуми ҷанубро дар шаҳри Норак  фронти халқӣ роҳандозӣ карда буд ё наҳзатиҳо? Тӯда-тӯда сокинони осоиштаро дар водии Вахш тавассути автомобилҳои боркаш намояндаҳои фронти халқӣ несту нобуд карданд ё гурӯҳҳои ифротии наҳзатӣ? Мусаллам аст, ки чун оби зарф пур шуд, ҳатман, ки аз зарф бурун мебарояд. 

Мардум ягона роҳи муборизаро бо асолатбохтаҳои наҳзатӣ дар ҳамгироӣ ва таъсиси фронти халқӣ дид, ки ахиран ҳукумати конститутсиониро дар кишвар барқарор ва ҳақро ба ҳақдор расонид. Ва, воқеан аз соли 1993 инҷониб дар заминаи арзишҳои конститутсионии давлат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки минбаъд аз ҷониби ин сохтори давлатӣ  ба муқобили тундгароии динӣ дар тамоми нуқоти кишвар муборизаҳои сиёсӣ ба хотири якпорчагии давлат ва ҳимояи манфиатҳои аксари мардум пиёда шуданд.

Новобаста аз ҷинояту бедодгариҳо тамоми тарафдорону ҳаводорони наҳзатӣ дар давраи муайян бахшида шуданд, вале тавре таърих собит кард, садорат ва аъзои сарсахти ин ҳизби ифротӣ аз бозиҳои пасипардагӣ канор нарафтанд ва ахиран  хостанд даст ба табадуллоти давлатӣ зананд. Ин гурӯҳаку гурӯҳчаҳои наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ ба сохтори давлатӣ эътимод надоштанду надоранд ва то рӯзи манъи фаъолияташон ҳамеша дар фикри пайти муносиб буданд. Ҳоло низ бо ақидабозию ақидасозии фанатизми динӣ аз тахрибкорӣ дур нарафтаанд ва ҳамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар кишваранд. Инро бояд донист, ки ақли солим ва тафаккури пешрафта ҳамеша ғолиб хоҳад буд ва он қавонини асримиёнагии дастандаркорони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ дар ҷомеаи имрӯза амалӣ намегардад.

Чизи дигар ин ки имрӯз «ҷаноби» Кабирӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастгирии онҳо чашм ало кардааст. Аз суҳбатҳои ӯ бармало эҳсос мешавад, ки хостгори шинохти паймони миллӣ ва маблағгузории ин созмони киссагӣ аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатист. Зеро медонад, ки қисми муайяни муҳоҷирони меҳнатии мо насли ҷавону дорои ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ нестанд ва онҳоро ба дом андохтан хеле соддаю осон аст.

Бинобар ин шароити ҳассос ва назаргузориҳои мухолифини давлат ва миллат моро водор мекунад, ки дар мавриди ҳамкории доимӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ бепарвою бетараф набошем ва кӯшиш кунем, ки бо онҳо равобити мустақим дошта бошем. Мусаллам аст, ки аксари онҳо ҳамчун рӯзирасон барои кору фаъолият ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ва истифодаи ғалати онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатхоҳ ба зарари ҷомеаи мо хоҳад буд. Ҳамкории мутақобила бо муҳоҷирон як бахши умдаи фаъолияти ҳар як шахси ватандӯсту миллатдӯст бояд бошад, ки мо дар ин масир ба иродаи мардуми шарифи кишварамон эътимоду боварӣ дорем.

Хосатан ироа гардидани Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пазируфта шудани масъалагузориҳои ин шахсияти олами сиёсат аз ҷониби кулли сокинони ноҳия башорат аз рушди минбаъдаи хоҷагии халқи мамлакат ва дастгирӣ аз ин сиёсат аст, ки кишвари моро бидуни ҳама бадгӯию туҳматҳо дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам пешрафтаву сокинонро ба зиндагии арзанда наздиктар месозад.

Мо ҳамагон имрӯзро ба хотири оянда обод мекунем ва сарҷамъ будан зери ливои сулҳу дӯстӣ ва муттаҳидӣ атрофи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон маҳаки асосии ҳама муваффақиятҳост. Дар ин ҷода ба ҳамагон ҳисси баланди миллию давлатӣ таманно дорем ва умед бар он мебандем, ки мардуми шарифи мамлакат, хусусан сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо дастгирӣ аз сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ барои ояндаи дурахшони мамлакат кӯшишу ғайрат менамоянд.

 

Зарифзода Почохон Ҳабибулло, узви Кумитаи иҷроияи  ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg