БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ ДУРУСТИ ВАКИЛОНИ АРЗАНДА БА МАНФИАТИ МОСТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми имсола ва Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Чорводор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ анҷом дода шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва андешаронӣ карданд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия зимни ибрози андеша қайд кард, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, ки дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карда буданд, ҳама дастуру супоришҳо ва ҳадафу мақсадҳое, ки дар Паёми имсола дарҷ гардиданд, иҷрои саривақтиро аз ҳар яки мо талаб менамояд. Паём ҳамасола  ба мардуми кишвар  ҳамчун раҳнамои  зиндагии шоиста буда, моро лозим аст, аз ҳар нуктаву аз ҳар ҷумлаи он дар кору пайкори ҳамарӯзаи худ самаранок истифода  барем.

Сипас, дар идома мавсуф  дар бораи моҳияти Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва зинадгии шоистаи  мардум” фаъолият мекунад фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки  интихоби дурусти вакилони арзанда дар таъмини зиндагии босаодати мо сокинон ва ободии Ватан  мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg