БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИЛСИЛАВОХӮРИҲО БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН ОҒОЗ ГАРДИД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Дар ташкилоти ибтидоии “Камоли Хуҷандӣ” оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои дар Паёми навбатӣ ироа гардида ва тарғибу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ вохӯрии ҳизбӣ доир гардид.

Дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, қайд карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми  навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи китобу китобдорӣ ва рушди китобхонаҳои кишвар таваҷҷуҳи махсусро равон намуда, ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд то таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба тамоми оилаҳои тоҷик тақдим карда шавад.

Инчунин, дар идома  таъкид гардид, ки барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ барои солҳои 2020-2025 таҳти унвони “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро барои панҷсолаи оянда муайян карда, дар амалӣ гаштани он масъулияти баланди шаҳрвандиро тақозо менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg