ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроия баргузор гардид, ки дар ҷараёни он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар маҷлис таҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолият вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2020, идомаи баргузории конференсияҳои ташкилотҳои ҲХДТ ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандата ва вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, таъсиси Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тасдиқи сметаҳои хароҷоти Кумитаи иҷроия барои соли 2020 аз ҷониби масъулин баррасӣ карда шуданд.
Дар маҷлис узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии раиси ноҳия Темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло дар бораи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои аз Паём бароянда, маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботҳои соли 2020 андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулияти баландро аз ҳар яки мо тақозо намуда, мо масъулинро зарур аст, дар баргузории интихоботҳо фаъол бошем ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.