ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳизбиёни ноҳияи Панҷ мисли дигар мардуми бонангу номуси кишвар ба роҳандозии корҳои хайру сахо саҳмугзор шуда истодаанд. Бо ташаббуси Қумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ як зумра фаъолони деҳот бо қувваи худӣ барои дастгирӣ намудани табақаи ниёзманди деҳаашон кумакҳои моддӣ ва барои фарзандонашон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд. Шахсоним саховатманду ватндӯст Нуруллоев Мақсуд раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳ.Шеров”-и ҷамоати деҳоти Озодагон, раиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» ва раиси ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» мебошанд, ки онҳо пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат ҳамасола ба мардуми кишвар дода мешавад, сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, мувофиқи имконият ба табақаҳои ниёзманди ҷомеа кумакҳои миддивумолиявӣ мерасонанд
Чунин шахсони масъулиятнок ҳамеша ба оилаҳои ниёзманд, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дасти ёрӣ дароз мекунанд, ки аз масъулияти баланди ватандории онҳо гувоҳӣ медиҳад.