БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА НИЁЗМАНДОН ДАР ПАЙРАВӢ АЗ ПАЁМИ НАВБАТӢ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон, рӯзи 26  декабри соли 2019 ироа гардид, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ва ба ин васила таҳким бахшидани обрӯ ва нуфузи ҲХДТ дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар  доираи иқдоҳои  Соли нави мелодӣ  ба  маъюби гурӯҳи 3-юм  Давлатова Сайёра сокини ноҳияи Вахш, кӯчаи ба номи Садриддин Айнӣ 43 мебошад, кӯмаки  молиявӣ  расонид.

Ҳамзамон, намояндагони ҳизбӣ зимни ибрози андеша таъкид намуданд, ки табақаҳои эҳтиёҷманд,  ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg