ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг гузаронида шуда, дар он 8 масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Таҳия ва тасдиқи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроия оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоӣ дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдқи нақша – чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2020, даъвати Конференсия ҷиҳати пешбарии номзадҳо ба вакилии маҷлиси маҳаллии вакилони халқи вилоят ва ноҳия, таъсиси ситоди пешазинтихоботӣ дар давраи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, тасдиқи сметаи хароҷотии Кумитаи иҷроия барои соли 2020, тасдиқи ҷалвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ва номзадҳои он ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии ноҳия дар ростои “Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ!”, интихоби вакилон ба Конференсияи муштараки ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Мӯъминобод оид ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Мӯъминобод-38” баррасӣ карда шуданд.