ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ба маъюбони гурӯҳҳои якум ва дуюми Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқ дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кумаки яквақтаинаи ғизоӣ расонида шуд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор минбаъд низ чунин иқдомҳои хайрхоҳонаи худро дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ идома дода, ҳамеша ба оилаҳои ниёзманд, ятимону барҷомондагон ва бепарасторон дасти ёрӣ дароз мекунад.