БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ВА ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  доир гардид ва дар он раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҲХДТ, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода, аъзои  Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.   

Зимнан дар маҷлис вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоии он дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019”, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 13-уми ҲХДТ,  нақшаи кории Кумитаи иҷроия барои соли 2020 тасдиқ карда шуда, тибқи қарори Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ситоди пешазинтихоботӣ, ҳайати раёсати Кумитаи иҷроия тасдиқ ва муҳокима  карда шуданд.

Дар асоси ризоияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан Наҷидуллозода Насриддин Вафо аз вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ озод карда шуда, Иброҳимзода Неъматулло ба ин вазифа интихоб гардид. Раҳмонзода Абдулло ва  Исмоилзода Абдуалим барои саҳм гузоштан дар баланд бардоштани обрӯву нуфуз ва заминаҳои моддию техникии ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба Наҷидуллозода Насриддин изҳори сипос намуда, ӯро бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Исмоилзода Абдуалим дар суханронӣ гуфт, ки мо ҳизбиёни шаҳри Бохтар он дастуру супоришҳое, ки  Раиси муаззами ҲХДТ  дар суханрониҳояшон баён доштанд, сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  кӯшиш менамоем.

Дар навбати худ раиси тозаинтихоб Иброҳимзода Неъматулло дар назди ҳозирин баромад карда, барои эътимоду боварӣ ва интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъул ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ва мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа, ки дар пешорӯи маъракаҳои муҳими сиёсӣ қарор дорем, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода ҳоҳад бурд.

Сипас, Раҳмонзода Абдулло зимни суханронӣ аз саҳмгузории фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, аз ҷумла раиси шаҳр Исмоилзода Абдуалим, ки дар сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ нақши созгор дорад, арзи сипос намуда, аз иштирокчиён барои дар оянда низ таҳким бахшидани ҳадафҳои барномавии ҳизбӣ, фаъолона иштирок кардан дар маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботҳои соли 2020 даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg