КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Обшорон” мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ доир гардид ва дар он масъулони КИ иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар баромад аз ҷумла иброз доштанд, ки солимии ҷомеа яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ба ҳисоб меравад, дар ин замина моро мебояд дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати тандурустии ҷомеа дар амал тадбиқ намуда, дар самти солимии ҷомеа саҳми худро гузорем.
Дар фарҷом иштирокдорон ба масъулони чорабинӣ саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.