Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ПАЁМ РОҲНАМОИ ҶОМЕА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  вохӯрӣ доир карданд.

 Нахуст, дар вохӯрӣ  масъулони кумитаи иҷроияи оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Паём дастурест барои ҷомеа ҷиҳати расидан ба зиндагии шоиста.

Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кафолат” дар баромадаш иброз дошт, ки  барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки танҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум равона гардидааст, пайваста иқдом хоҳанд кард.

Дар идома дигар иштирокдорон низ вобаста ба нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg