БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ БИНОИ МАЪМУРИИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон 5 октябри соли 2016 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оғоз гардида, санаи 28 декабри соли 2019 дар вазъияти тантанавӣ кушода  шуд.

Дар маросими кушодашавии бинои маъмурӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми раиси вилояти Хатлон  Хайрулло Амонулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Раҳмонзода Абдулло, И.в раиси ноҳияи Ёвон, узви КИМ ҲХДТ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Азимзода Толибхон  Ситамурод   иштирок доштанд.   

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур  роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,    раисони  ташкилотҳои ибтидоӣ, ҷавонону занон, аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”  ва  аъзову ҷонибдорони ҲХДТ  дар ноҳия  иштирок доштанд.

Бинои мазкур бо харҷи зиёда аз 640 ҳазор сомонӣ  ду ошёна бунёд гардида, аз панҷ утоқҳои корӣ, бойгонӣ  ва толори маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия метавонанд дар беҳтарин шароитҳои муосир ва утоқҳои хуштарҳу замонавӣ кору фаъолият менамоянд.Дар сохтмони бинои мазкур зиёда аз 20 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Дар бунёд ва сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия саҳми соҳибкорони ватанӣ муассиси ҶДММ “Ғаюр”  Акбар Асадулло, муассиси ҶДММ “Джунгтсай Моҳир семент” Баҳриддин Ҷурахонов, директори ҶСП “Муқим-1”  роҳбараш Муқимов Ҳикматулло, директори ҶДММ “Истиқлолият -25” роҳбараш Қориев Мухторхуҷа, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии соҳаи тандурустӣ, “Маорифчиён”  беандоза аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg