БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  доир гардида, дар он узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад, вакилони маҷлиси вакилони ҳалқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони даъватӣ иштирок доштанд.

Дар Маҷлиси мазкур  нақша- чорабиниҳо  оид ба шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  26.16.2019, ба роҳбарӣ гирифтанти  нақшаи чорабиниҳо оид ба  амалӣ намудани  дастуру супоришҳо аз Анҷумани 13-уми ҲХДТ,  тасдиқи   нақша ва буҷети Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб барои соли 2020 ва ҳамчунин  даъвати  Конфренсияи ҲХДТ дар ноҳияи Дустӣ оид ба  пешбарии номзадҳо аз ҳисоби шахсони арзандаву соҳибмаърифат  ба вакилии  маҷлиси вакилони халқи  вилоят  ва ноҳия  баррасӣ шуда, роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар бораи  масъалаҳои болозикр баромад намуданд. Инчунин, дар идомаи маҷлис Саидзода Нурмуҳаммад фикру андешаҳои хешро вобаста  ба масъалаҳои марбут ба соҳа баён дошта, ба масъулин як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg