БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МИЛОДӢ

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамаи аъзо, ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинони сарбаланди вилояти Хатлонро ба муносибати фарорасии соли нави милодии 2020 муборакбод менамояд.

Соли 2019 барои мардуми Тоҷикистон соли пур аз мувафақияту комёбиҳои беназир буд. Махсусан, мо ҳизбиёни вилоят дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва татбиқи амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” бо  халқ наздик будем ва даст бо дасти ҳам гузошта мушкилоти мардумро то андозае ҳал кардем.

Он дастовардҳое, ки мардуми Тоҷикистон дар соли 2019 ба онҳо муваффақ гардиданд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми наватии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал баррасӣ намуданд ва соли 2019-ро боз як соли бобарори халқ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол унвон карданд.

Соли 2019 барои мардуми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид. Аз ҷумла ба кор андохтани кор даровардани чархаи дуюми неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи рӯйдодҳои дар ҳақиқат таърихии соли 2019 маҳсуб меёбад. Сокинони кишвар хуб медонанд, ки барои расидан ба ин рӯзи муборак мо чандин сол заҳмат кашидем, мушкилоти зиёдро паси сар кардем ва ҳоло дар фазои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсии Ватани муқаддасамон бунёди ин иншооти азимро босуръат идома дода истодаем. Дар соли 2019 дар дигар самтҳои хоҷагии хал аз ҷумла, дар самти нақлиёт, саноат кишоварзӣ умуман дар ҳама соҳаҳои кишвар ба пешравиҳои назаррас ноил гардидем, ки ин ҳама бо хиради азалии Пешвои миллат ва мардуми соҳибмаърифату соҳиб ирода ба мо даст дод. Дар ин сол мардуми заҳматқарину сарбаланди Тоҷикистон бо кору фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти сарзамини зебоямон вусъати тоза бахшида, барои фардои боз ҳам ободу осудаи он заминаҳои мусоид ва пойдевори устувор гузоштанд.

Мо аъъзо ва ҷониборони Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар соли 2020 бо ҳисси баланди ватандориву худшиносӣ барои ҳимояи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, таҳкими ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон ва рушди иқтисодиву зиндагии шоистаи мардум дастҷамъона ва содиқона талош намоем. Мо бояд ба хотири расидан ба комёбиҳои нав ва аз имрӯза дида ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон софдилонаву пайгирона кӯшиш намоем.

Хусусияти неки ҷашнгирии соли нави мелодӣ ин аст, ки мардуми олам бо нияту орзуҳои нек ҳадафҳои нави созанда ва нақшаҳои ободгаронаи худро тарҳрезӣ менамоянд.

Дар остонаи истиқболи соли нави мелодӣ бо эътимоди комил изҳор медорем, ки соли нави мелодии 2020-ум барои таҳкиму тавсеаи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, пояҳои давлатдории навини тоҷикон, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии ҷомеа, инчунин, ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир хоҳад гузошт.

Мо ҳизбиён умедворем, ки соли нави мелодии 2020 соли амалишавии орзуву мақсадҳои неки давлату миллати тоҷик мегардад ва мардуми шарифи мо дар ин соли нав дар самти рушду пешрафт ва ободиву бунёдкорӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Бо ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони ҳимматбаланду заҳматпеша ва саодатманду сарбаланди кишвар, инчунин, кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Соли нави мелодии 2020 самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо сулҳу оромӣ, хонаи обод, тандурустиву иқболи нек, файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg