КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ” як қатор собиқадорони ҲХДТ аз соҳаи варзишро аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои моддӣ расонида шуд. Аёдаткардашудагон аз иқдомҳои неки навбатии Кумитаи иҷроия, аз ҷумла ташкилоти ибтидоии мазкур хушнуду сарфароз гардида, барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Чунин корҳои хайру сахо ва амалҳои неку ватандӯстона дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ то Соли нави мелодӣ идома доранд.