БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН БАРОИ СОХТМОНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАЪВАТ ГАРДИДАНД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаҳои «Қубодиён» ва «Зартеппа»-и ҷамоати деҳоти Деҳқонобод вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суханронӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши толибилмон, пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна амалҳои номатлуби ҷомеа суханронӣ намуда, қайд карданд, ки рӯз то рӯз афзоиш ёфтани аҳолӣ дар минтақа монеаҳоро баҳри таъминоти синфхонаҳо ба хонандагон эҷод намуда истодааст, аз ин рӯ дар идома  масъулин аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки баҳри таъмини шароити хуби  таҳсил ба фарзандони худ  дастаҷамъона ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ шурӯъ намоянд ва дар ободии Ватан ҳамчун ватандори асил  хизмат кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg