БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АЗ ФАЙЗУ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ ВА АМНИЯТИ КИШВАР САРЧАШМА МЕГИРАНД

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти  шаҳрвандӣ. Кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Шӯртеппа » -и ҷамоати  шаҳраки Киров  ҷиҳати расонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва ҳамзамон дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, саҳм гузоштан дар рушди маҳал мулоқоти  судманд анҷом доданд.

Нахуст,  роҳбарияти  Кумитаи иҷроия қайд кард, ки рушду пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ ва андешаву маънавиёти созандаи он вобаста аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар дар даврони истиқлолият марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гашт.

Ҳамзамон бо пешравиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра  хеле мустаҳкам  гардида, нуфуз ва ҷойгоҳу мақоми  он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд шуд, ки тамоми ин дастовардҳои даврони истиқлолият аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвар сарчашма  мегиранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg