БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛАИ СОЛИМ - ҶОМЕАИ СОЛИМ!

«Оила дар фарҳанги  мардуми  кӯҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».

Эмомалӣ Раҳмон

 

АНДЕША. Ҷомеаи рӯ ба рушди тоҷикон ниёзи ҳарчӣ бештар ба оилаи солим дорад, ки воқеан ҳам тарбиятдиҳандагони насли сиҳату фарҳангманӣ ва толиби саодату амнияти миллати кӯҳанбунёди хеш бошанд. Ба ибораи дигар, пойдорӣ ва бақои ҳар як миллат ба оилаи бофарҳангу тамаддунофар ва тарбиятдидаю бонизом пайванди ногустанӣ дорад.

Бунёди оилаи ҷадид аз навхонадорон, ки қадами нахустини худро ба ҳаёти мустақилона равона мекунанд, аз онҳо фаросат ва заковати чашмгирро талаб мекунад. Бояд тазаккур дод, ки пешорӯи насли ҷавонони ҷомеаи муосир мушкилоти бисёре дар масъалаи нигоҳдошти оила ва оиладорӣ қаррор гирифтааст. Омилҳои бавуҷуд овардани мушкилот дар оиладорӣ ин ҳамдигарфаҳмӣ накардан ва ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан аст.

Яке аз омилҳои муҳимми пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.

Бузургони гузаштаи мо, ба мисли устод Рӯдакӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Имоми Аъзам, Унсуралмаолии Кайковус, Абдураҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш ва дигарон оид ба тарбияи фарзанд ва нақши оила рисолаву осори зиёде таълиф намудаанд, ки дар онҳо доир ба мақоми падару модар, интихоби ҳамсар, одобу маърифати зан ва монанди инҳо дастуру насиҳатҳои бисёр арзишманд мавҷуданд.

Устод Садриддин Айнӣ низ дар аввали асри ХХ оилаи солимро асоси хушбахтии хонадон ва макони тарбияи атфол эълон намуда буд. Чунин нишонаи арҷгузорӣ ба падару модарон, эҳтиром ба номи поки зан ва таваҷҷуҳ ба заҳмати духтарону бонувон имрӯз ҳам аз ҷониби аҳли илм ва адабу фарҳанг идома дошта, дар навбати худ Ҳукумат низ барои дастгирии онҳо ҳамаи шароити заруриро фароҳам овардааст.

Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст.

Оиладорӣ назокатҳои ба худ хосро дорост. Дар оиладорӣ меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар мақоми аввал истода, танҳо дар асоси он оилаи солим ба вуҷуд омада метавонад. Дар он оилае, ки дӯстдории тарафайн ва муомилаи хуб вуҷуд надорад, пайомадҳои нохубро ба думбол дорад, ё ин ки оқибати он ба барҳамхӯрии оилаҳо замина фароҳам меоранд.

Масъалаи ҳифзи арзишҳои оила ва оиладорӣ аз ворисони он заковату фаросати баланди инсониро тақозо медорад, то ин ки дар устуворӣ ва пойдевории оила масъул буданро фаромӯш накунанд. Дар ин маврид, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми қалбиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳо оварда, таъкид намудаанд: «Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».

Падару модаронро зарур аст, ки фарзандонро барои ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодан омода кунанд. Хушсуханӣ, муллоимрафторӣ, таҳаммули арзишмандро дар ниҳоди фарзандон парвариш дода, онҳоро дар руҳияи дӯст доштани оила ва тоқатпазиру накӯкорӣ ҳидоят намоянд. Педагоги намоёни рус А.С. Макаренко таъсиррасонии тамоми мавҷудоти табиатро дар тарбияи насли наврас қайд намуда, дар байни онҳо мавқеи волидонро аз ҳама волотар мегузорад.

Агар ба оилаҳои насли имрӯза назар афканем, дармеёбем, ки ҳанӯз ҳам масъалаҳои зиёде дар рӯ ба рӯи онҳост. Бо гунаҳгор донистан ва мавриди накӯҳиш қарор додани ҷавонон бо музаффарият наметавон даст ёфт.

Мактаби оиладорӣ, мактаби ору номус, хештандорӣ, матонату устуворист, ки ҳар аъзои он бояд дар роҳи қарзи инсонӣ ва виҷдонии худро дар назди аҳли хонадон ва миллату Ватан ба камоли садоқат тақдим карда тавонистан омода бошанд.

Падару модар аввалин нақш, аввалин хишти худро дар таълиму тарбияи фарзанд ва оила мегузоранд. Хушбахтию сарчашмаи ташаккул ва инкишофи ҳар як инсон дар оила зуҳур ёфта, бунёду нигоҳдошти оила амали муқаддас ва қарзи виҷдонию инсонии ҳар яки мост.

Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода, кӯшиш намоем, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, меҳанпарастӣ, меҳандӯстӣ ва созандагони ояндаи Ватани аҷдодиамон инсонҳои солим, хушахлоқ ва донишманду бо ирода тарбия намоем.

 

Мазарифова Меҳрангез – узви ҲХДТ, омӯзгори МТМУ №45-и шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg