БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМ. СОҲАИ СОҲИБКОРӢ ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶЎҲИ РОҲБАРИ ДАВЛАТ АСТ

АНДЕША Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳукумати кишвар буда, равшангари роҳи зиндагии тамоми қишрҳои ҷомеа дар соли навин мебошад.

Мардуми кишвар ҳамасола Паёми Пешвои муаззами миллатро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бесаброна интизорӣ мекашанд, зеро бо ироа гардидани Паём моро ҳамеша навгониҳои зиёд ва тадбирҳои таъсирбахш барои сол то сол беҳтар гардидани сатҳи иқтисодиёти мамлакат ва ба ин васила хубтар шудани вазъи зисту зиндагии ҳар сокини мамлакат интизор аст.

Дар Паёми имсола Роҳбари давлат чун Паёми қаблӣ ба рушди соҳибкорӣ ва фаъолият субъектҳои соҳибкорӣ диққати ҷиддӣ дода, қайд намуданд, ки «Барои равнақ бахшидан ба ин раванд зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъэктҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ва санҷиши фаъолияти субъэктҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шавад».

Бо таъкиди нақши муҳими ин соҳа дар боло рафтани сатҳи иқтисодиёти мамлакат, коркарду истеҳсол шудани маҳсулоти гуногуни саноатӣ, дарёфти ҷойҳои нави корӣ ва саҳми бузурги соҳибкорони ватанӣ дар пешбурди корҳои ободониву созандагӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти дахлдор  барои дастгирии ҳаматарафаи онҳо супоришҳои мушаххас дода, пешниҳод намуданд, ки барои дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишвар «300 рўзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии сошҳибкорон, расонидани кўмак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар марказҳои хизматрасониро, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Илова бар ин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҳамин сол лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» таҳия ва пешниҳод намоянд, ки бешак дар рушду инкишофи соҳаи соҳибкорӣ нақши муҳиму ҳалкунанда хоҳад бозид.

Ватанзода Сайҷафар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg