
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷамияти Матлубот»-и ноҳияи Шаҳритуз баҳри болоравии масъулияти сокинон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гардид.
Дар доираи аксияи мазкур аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Насимҷон Каримов ба оилаи ниёзманд дар арафаи Соли нави мелодӣ кумаки молявӣ расонида шуд.