
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ҷонибдорӣ аз аксияи таблиғотии «Якҷоя ҳал мекунем!» аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Барқчиён»-и назди идораи Шабакаҳои барқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба литсей-интернати бачагони болаёқати ноҳия як миқдор маводи хурока кӯмак расониданд.