
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи аксияи таблиғотии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» корҳои ободонӣ бо иштироки кормандони масъули кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии Сомониён ва Шоимардонови Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо ҷалби ҷавонону наврасони аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва аъзо ва ҷонибдорони ҲҲДТ бо маром идома дорад. Иштирокдорони ҳашар ба корҳои ободонӣ, аз қабили тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо ва шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ машғуланд.