
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ҳадафи амалӣ намудани аксияи ҳизбӣ дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳияи А.Ҷомӣ боз ҳам устувор намудани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа буда, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баҳри созандагиву ободонӣ ва дар якҷоягӣ ҳал намудани мушкилоти маҳал тамоми кӯшишу ғайраташонро сафарбар карда истодаанд. Дар ташкилоти ибтидоии «Ш.ШОҲТЕМУР-1»-и кӯчаи Фрунзеи Ҷамоати шаҳраки А.Ҷомии ноҳия масъулони КИ ҲХДТ бо аъзои ташкилоти мазкур ва дигар ҷонибдорони ҳизб вохӯрӣ баргузор карданд. Дар мулоқот оид ба моҳияти аксияи ҳизбӣ, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Исиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суҳбатҳои судманд баргузор гардид.