
А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии «Тандурустӣ»-и ноҳия А. Ҷомӣ бо ташаббуси масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» баргузор гашт. Аъзои ташкилот дар ҳашар атрофи бинои беморхонаро тоза карда, ниҳолҳои дарахтони ороишиву мевадиҳанда ва гулҳои мавсимӣ шинониданд.
Роҳбари ташкилоти ибтидоии «Тандурустӣ» иброз дошт, ки сиёсати бобарори Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони муассисаро ба иҷрои ташаббусҳои наҷибона ҳидоят месозад.