
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Тоҷикобод»-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ вохӯрӣ намуданд. Дар вохӯрӣ самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, аз ҷумла баланд бардоштани малакаи сиёсии мардум, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои ба беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мусоидаткунанда баррасӣ гаштанд.