БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР ШУД.

Дар маҷлис аъзои кумитаи иҷроияи ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо, намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», командони масъули кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон, намояндагони ВАО иштирок доштанд.

   Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон  Абдулло Раҳмонзода оғоз бахшид ва дар он 7 масъала мавриди баррасӣ  ва муҳокима қарор гирифтанд. 

      Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис - Оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2019 муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Нематулло бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад кард.

     Татбиқи қарори Анҷумани 13-уми ҲХДТ аз 13-уми декабри соли 2019 «Дар бораи ҳисобот оид ба фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар солҳои 2014-2019 ва вазифаҳои минбаъдаи сохторҳои ҳизбӣ барои солҳои 2020- 2025» аз масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис буд. Абдулло Раҳмонзода вобаста ба масъалаи мазкур аз ҷумла қайд дошт, ки соли ҷорӣ аз таъсиси ҲХДТ, ки маром ва вазифаи асосии  он танҳо хизмат ба халқ мебошад, бисту панҷ сол сипарӣ шуд. ҲХДТ бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ташкил шуда, вобаста ба таҳаввулоти замон рушд кард ва маҳз ҳамин хислати мардумсолорӣ, ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватанпарварона ҳизби моро дар ҷомеа ба таври шоиста муаррифӣ сохт.  Раҳмонзода Абдулло таъкид намуд, ки дар корҳои таблиғотӣ вобаста ба амалӣ шудани барномаҳои ҳизбӣ мо бояд ҳеҷ гоҳ хастагиро эҳсос насозем ва масъулиятшинос будани хуро дар назди халқу ватани хеш нишон диҳем.

 

    Ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи вилоят барои соли 2019, интихоби ҳайати нави раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, таъсиси ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои соли 2020, тасдиқи ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ростои «Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ»  аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар идомаи маҷлиси мазкур мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд.  Аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз рӯи масъалаҳои болозикр қарорҳои дахлдор қабул карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg