БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГИИ МАҲАЛ- ПЕШРАФТИ ВАТАН АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Таҳти  ҳамин  унвон  аъзои фаъоли намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” гузаронида шуда, дар он  зиёда аз 50 нафар ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимии  №1 ва  №62-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  фаъолона иштирок намуда,  кӯчаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомиро аз ҳаргуна партовҳо тоза намуданд.

Сипас, намояндагони ҳизбӣ атрофи Паёми навбатӣ, ки санаи 26.12.2019 дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе  баргузор гардид, андешаронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар Паёми мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тамоми саҳаҳои хоҷагии халқро мавриди таҳлили ҳамаҷониба  қарор дода, ба сохторҳои  дахлдор як қатор дастуру супоришҳои судманд доданд.

Мо шаҳрвандон низ он дастуру супоришҳое, ки аз ҷониби Роҳбари давлат  дода мешаванд, бояд сармашқи кору фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафту ободии Ватансаҳмгузор бошем.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg