А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба истиқболи сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» роҳрави назди китобхонаи марказиро сафолакпӯш намуданд.
Чунин иқдомҳои неку ояндасоз аз ҷониби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дастгирии ҳамаҷониба ёфта, пайваста дар ҳар гӯшаву канори ноҳия корҳои ободониву созандагӣ роҳандозӣ карда мешавад ва сокинон ният доранд ҷашни 30-солагии пурифтихори Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.