
ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Озодии меҳнат»-и Ҷамоати 20- солагии Истиқлолияти давлатии ноҳияи Вахш бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ мулоқоти судманд доир карда шуд.
Масъулин дар оғози сухан иштирокдоронро бо моҳияти Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, таъкид карданд, ки он талошу заҳматҳое, ки Роҳбари давлат анҷом медиҳанд, таъмини шароити арзанда ба сокинон аст ва ба пешрафту боз ҳам рушд кардани Ватани азизамон мебошад.
Сипас, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, ҷамъомадагон ҷонибдории хешро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат баён доштанд.