ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Шӯртеппа » -и ҷамоати шаҳраки Киров ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ҳамзамон дар сатҳи баланд ҷашн гирифтан 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ, саҳм гузоштан дар рушди маҳал суҳбату вохӯрии судманд анҷом доданд.
Нахуст роҳбарияти Кумитаи иҷроия қайд кард, ки рушду пешрафти ҳар як ҷомеа аз сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва андешаву маънавиёти созандаи он вобаста аст.