БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРИМИСТӢ ДИНИ ИСЛОМРО ҲАМЧУН ВАСИЛАИ СУЙИСТИФОДА  АЗ ЭЪТҚОДОТИ ДИНИИ МАРДУМ ИСТИФОДА МЕБАРАНД!

АНДЕША.  Имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ наворҳои бешумореро мебинем, ки фақат ба сиёҳ кардану иғвову дассиса андохтани мардум, мисли занҳои бекормонда ба ғайбату туҳмати сарикӯчагӣ машғуланд. Худ кори хайреро анҷом надода, маконеро обод накарда, пайи вайрон кардани ободкардаи дигаре ҳастанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 – ташкилот ҳамчун ташкилотҳои террористиву экстримистӣ эътироф гардида,  фаъолияташон Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маън карда  шудааст. Аксарияти ин ташкилотҳои террористӣ фаъолиятҳои террористии худро зери ниқоби дини ислом пинҳон намуда, одамонро бо истифода аз эътиқоди динӣ ба худ моил месозанд. Ҳол он,  ки ҳастии ин ташкилотҳо дар ҳама давлатҳо ҷангу хунрезиҳоро ба миён меорад.

 Бо мақсади амалӣ намудани манфиатҳои шахсии худ, аъзоёни ин гурӯҳҳо дар ҳама давлатҳо хушунату зуроварӣ, гумроҳ намудани ҷавонон, даҳшату фитнаангезӣ, таркишу худкушиҳо ва дигар амалҳои нангинро анҷом медиҳанд. Ин ташкилотҳо бо номҳои «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломии  Туркистони  шарқӣ», «Ҳаракати  исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб ут-таҳрир», «Толибон», «Ҳизби  наҳзати  исломӣ» , «Бародари  мусалмон»  «Ҷамоати  Ансоруллоҳ», «Салафия» «ДОИШ», «Гурӯҳи 24»  ва дигар ташкилотҳое ҳастанд, ки аз номи истифода мебаранду, аммо мақсаду маромашон якранг мебошад, яъне бо сарнагун сохтани давлатҳо, нест кардани миллатҳо ва ба  даст овардани ҳокимият аст. Аз ҷумлаи кишварҳое, ки террористон онро ба лонаи худ табдил додаанд ин ҳамсоя кишвари мо Афғонистон аст, ки зиёда аз  40-сол аст, муллоҳои террорист, барои ба даст овардани ҳокимият ва таъисисӣ Хилофат ва ё Аморати исломӣ бар зидди нируҳои давлатӣ меҷанганд. Аз ин тарф ҳам “Алоҳу Акбар гӯён” аз он тарафҳам “Алоҳу Акбар гӯён” суи як дигар тиру туфанг мепартоянд. Магар ислом ҷангро ташвиқ мекунад? Алббата, ки не! Балки ислом мардумро ба покизагӣ, ростӣ, тоаъту ибодати Худованд ва инсондӯстиву таҳҳаммулпазирӣ роҳнамоӣ мекунад. Аммо ин ташкилотҳои террористӣ бо суиистифода аз номи ислом ҳамеша зиддӣ гуфтаҳои Худову шариат ва зиддӣ башарият амалҳои ваҳшиёнаро анҷом медиҳанд, ки корӣ нобахшиданист. Онҳо бо ин крашон дини Исломро дар ҷаҳон ҳамчун дини террористӣ муаррифӣ карда истодаанд.

Дар пеш, ки чорабиниҳои муҳими сиёсӣ моро интизор аст, бояд  нагузорем, ки  нақшаи хоинону душманони  миллат амалӣ гардад. Агар соли 1992 мақсаду мароми ин ватанфурӯшони мансабпараст амалӣ нагашта  бошад ҳам, мутаъсифона садҳо ҳазор куштаву ҳазорҳои дигар ғарибу  мусофир гашта, мамлакат ру ба нести оварда  буд. Имрӯз  низ  мақсаду  мааром,  ҳамон  мақсаду  мароми  соли 1992 –юм мебошад. Онҳо  ба  ҷуз гурӯҳҳо ташкил  намудан, дар  шабакаву  расонаҳо таблиғу ташвиқ намудан,  нақшаву ниятҳои қаллобию мардумфиребӣ ва вайрон намудани сулҳу  оромии Тоҷикистон дигар мақсад надоранд.

Имрӯз  мо  ҷавонон,  ки таҳти  ливои сулҳу ваҳдат умр  ба  сар  мебарем, дар солҳои  ҷанги  шаҳрвандӣ кӯдаки  хурд будему гиряи чашми модаронро дидем, ҳама талхиҳоро чашидем мо имрӯз дӯстро аз душман фарқ карда  метавонем.

Тӯли 28- сол  мешавад,  ки шаҳди истиқлолу ваҳдатро мечашем, ҳамчун  фарзандони баномуси ин Ватан намегузорем душманону хоинони Ватану миллат заррае умеди барор дошта бошанд. Зеро мо рағми умедҳои ин хоинон ҳастем!

Мо ҷавонон сулҳу оромии Тоҷикистони азизи худро, ки  бо ҷонбозиҳо ва заҳматҳои бе андозаи Сарвари давлат насибамон  гаштааст, чун гавҳараки чашм ҳифз медорем.

Занону модарони тоҷик  барои  пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу  дустӣ бар зидди ин хоинону ватанфурушон ҳамеша мубориза мебаранд!

 

 Назокат Қосимова,

мудири шуъбаи кор бо занон ва

ҷавонони Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg