БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ САРОСАРӢ ДАР МЕҲВАРИ ҲАДАФҲОИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАД

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 10 -уми декабри соли 1994 бо ҳадафи муттаҳид сохтани қишрҳои гуногуни ҷомеа, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо мақсади барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

  Беҳтарин рисолати ҳар як ҳизби сиёсӣ пеш аз ҳама ин бо мардум наздик будан аст. Ин сухани Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳизбиёни ноҳияи Данғара сармашқи кори худ қарор дода, корҳои таблиғотию ташвиқотиро аз рӯзи таъсисёбии Кумитаи иҷроияи ҳизб  ҷиҳати муттаҳид гардонидани мардум, ба сулҳу салоҳ овардани кишвар ва фаҳмонидани моҳияти аслии сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо баргузор намудани вохӯрию суҳбатҳо амалӣ намуда истодаанд.

Дар китоби “Каъбаи умеди мо халқ асту бас!”, ки бо қалами раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло навишта шудааст, дуруст қайд шудааст, ки: “Таблиғот рисолати асосии фаъолияти сиёсии ҳизб ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, нуфӯзи ҳизби сиёсӣ вобаста ба он аст, ки то кадом андоза ва дар чӣ шакл ҷомеаро барои анҷом додани амали созандае, ки боиси муттаҳидию Ваҳдати миллӣ ва пешрафти дигар соҳаҳои кишвар мегардад, сафарбар карда метавонад”. Албатта, таблиғоти созанда танҳо аз гуфтану рафтан иборат нест, балки роҳнамоии ҷомеа ба фаъолияти амалӣ, бо назардошти неруи мавҷудбудаи моддиву маънавӣ, муайян кардани душвориҳо ва пешниҳоду амалисозии чораҳо барои ҳалли он, огаҳ кардан аз хатарҳои эҳтимолӣ ва ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ҷиҳати пешгирӣ аз он мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тӯли фаъолияти 25-солаи  худ нишон дод, ки як ҳизби амаликунандаи ормону орзуҳои умедбахши мардум аст.  Имрӯз бе муҳобот Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолтарин ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ мебошад ва сиёсаташро дар самти амалисозии ҳадафҳои барномавию оинномавии ҲХДТ, татбиқи ҳадафҳои старатегии давлат, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маънавии мардум амалӣ намуда истода, дар таҳкими сулҳу суботи кишвар ва ташаккул додани мафкураи миллӣ саҳми назаррас дорад.

Сулҳу субот ва ваҳдати саросарӣ дар меҳвари сиёсатҳои идеологии ҲХДТ қарор дорад ва роҳбарияти ҳизб кӯшиш бар он дорад, ки ғояҳои асосии Ваҳдати миллӣ дар маҳалҳо тарғибу ташвиқ карда шавад, то ки даврони сангини пур аз мушкилоту муаммоҳои сарпечидаи солҳои 1992–1997 дигар такрор нашаванд. Ин нуктаро Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд мекарданд, ки ҳеҷгоҳ намегузорем, ки Ваҳдати миллии мо халалдор шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg