БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ МЕБОШАД

АНДЕША. Баъди ноил шудан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон ба душвориҳои зиёд, хусусан ба  фоҷиаи мудҳишу фалокатбор, яъне ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид. Аслан сабабу омилҳои таҳрикдиҳанда барои оғози ҷанги бародаркуш ҳанӯз дар солҳои охири мавҷудияти собиқ ИҶШС, бо сӯйистифода аз суст гаштани пояҳои давлатдории ҳокимияти вақт, ки ин раванд бо номи ошкорбаёниву демократия номбурда мешуд, пайдо гардида буданд.

Гурӯҳҳои фурсатталаби ҷудоихоҳ ҳар кадоме барои худ ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти қавмиву маҳалгароидошта созмон дода буданд, ки аксари онҳо бо маблағгузорӣ ва  дар асоси фармоишу роҳнамоии хоҷагони аҷнабиашон фаъолияти тахрибкоронаву тафриқаандозонаи худро роҳандозӣ менамуданд. Фаъолияти густурдаи ҷудоихоҳонаи гурӯҳҳои мансабталаб ба пояҳои бақои Ваҳдати миллӣ ва ба устувории якпорчагии кишвар хатари амиқ эҷод карда буданд. Ҳамаи ин боиси он гардид, ки бо пош хӯрдани собиқ ИҶШС дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги бераҳмонаи таҳмилии бародаркӯш оғоз гардид ва бар асари ин ҷанги бемаънӣ ҳазорҳо тан фарзандони миллат бо дасти ҳамдигар кушта шуда, диёри ободу зебо ба харобазор табдил ёфт. Маҳз дар чунин вазъи ҳассосу тақдирсоз нерӯе ё шахсияти ватанхоҳу ғамхори миллат лозим буд, ки садди роҳи хунрезиву бенизомиҳо гардида, миллатро муттаҳиду бақои давлатдориро таъмин намояд.

Хушбахтона, бо бахти баланди мардуми тоҷик чунин фарзонафарзанди миллат дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати кишвар, дар фазои зулмати диёр чун хуршеди тобон зуҳур намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали сарвариаш баҳри сарҷамъии мардум ва таъмини сулҳу субот дар кишвар сайъу талош варзида, нерӯҳои гуногуни сиёсиро ба мувофиқа овард. Маҳз ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои наҷиби хусусияти умумимиллидоштаи Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд доштани неруи сиёсие муҳим гадида буд, ки таблиғгари сиёсати инсонпарварона ва сулҳхонаи Пешвои миллат бошад. Бо ин мақсад ҲХДТ таъсис дода шуд, ки асосгузор ва таъсисдиҳандаи он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. 

Инак, 25-сол мешавад, ки ҲХДТ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ дар фазои сиёсии кишвар фаъолияти пурсамар намуда истодааст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба раванди фаъолияти самараноку ташаббускоронаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии мардуми тоҷик ворид гашта, дар ба даст овардани комёбиву муваффақиятҳои Ватани маҳбубамон нақши мондагор дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо истифода аз нуфӯзи сиёсии худ баҳри таъмини зиндагонии шоиста, рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ дар заминаи демократия ва ҳифзи адолат дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои мардуми кишвар талош меварзад. Бо дарки воқеаҳои  гузаштаи ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои нохуши раванди ҷаҳонишавӣ дар марҳалаи кунунӣ, нақши ҲХДТ дар мафкурасозии миллӣ, ҳифзи анъанаву суннатҳои миллии  таърихан ташаккулёфтаи халқамон бағоят бузург мебошад.

Сохторҳои ҲХДТ дар маҳал барқарор кардани робита бо мардумро асоси фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода, ба таври пайваста бо мардуми маҳалу деҳот вохӯриву суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд. Кормандони сохторҳои ҲХДТ дар рафти муколамма бо мардум мушкилотҳои ҷойдоштаро ошкор намуда, дар бартараф намудани он саҳмгузор мегарданд. ҲХДТ тӯли мавҷудияти хеш бо роҳи ҷалби фаъолонаи шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсии кишвар ва ба таври дастҷамъона бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, дар байни мардуми кишвар маҳбубияти хосро соҳиб гаштааст. 

Фаъолияти пурсамару содиқонаи ҲХДТ дар таҳким ёфтани асосҳои давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  дар Тоҷикистон хеле боарзиш аст. Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҲХДТ бо истифода аз неруи зеҳнии аъзои худ дар минбаъда низ ҷиҳати ҳалли мушкилотҳои мавҷуда, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа  ва дар боз ҳам баланд гаштани  обрӯю эътибори байналмилалии Ватани маҳбубамон Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош меварзад.

 

Маҳмадов ОДИЛҶОН –раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg