АНДЕША. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол назаррас аст. Ӯ чун асосгузори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кафили сулҳу ваҳдат, рамзи сарбаландиву ифтихори аҳли заҳмат гардидааст. Кору фаъолият, ташаббусу талошҳои ин сиёсатмадори варзида, роҳбари хирадманд ва инсони ба қавлаш устувор дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон қувваи таҳрикдиҳандаи ақлу шуури сокинони Тоҷикистон қаламдод шуда, тарҳу нақша ва барномаҳои пешниҳодкардааш Ватанамонро ба ҷодаи тараққиёт баровард.
Мо заҳматкашон, ки дар деҳа зиндагӣ ва фаъолият дорем, беш аз дигарон корҳои шоистаи ӯро ба мушоҳида мегирем. Ҳар дафъа Ҷаноби Олӣ ташаббусҳое зоҳир мекунад, ки он ба беҳдошти рӯзгори одамон ва таҳкими истиқлолияти кишварамон нигаронда шудааст.
Ман ҳамчун як собиқадори ҳизб аз деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахши мебошам ва ба таҳаввулоту навигариҳое, ки дар соҳаи кишоварзӣ рӯй доданд, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд. Миёнаҳои солҳои 90-уми асри гузашта фармон барои ба мардум тақсим карда додани замини президентӣ содир шуд ва амалӣ гашт. Ин омил ба беҳ шудани ҳолати молиявии мардум оварда расонд. Деҳқонон аз ин амали Пешвои миллат арзи сипос мекарданд. Дар раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, расидан ба сулҳи сартосарӣ дар атрофи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон зичтар муттаҳид шуда, ҳар як дастуру ҳидояти Ҷаноби Олиро бо ҷону дил пазируфтанд. Зеро ноҳияи мо ҷангзада ва мардум ба ҳарфи сулҳофар, ба меҳру боварии якдигар бештар ниёз доштанд. Ман ҳар рӯз шодию нишоти халқро бо чашми худ медидам. Шоҳид мешудам, ки онҳо ҳар як маслиҳату пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро иҷро мекарданд.
Соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо шуд. Ҳамватанони гурезашуда ва ба муҳоҷиратрафта ба Ватан баргаштанд. Дар ин раванди ниҳоят мураккаб мардум даъвати Президенти кишварро қабул карда, ба якдигар оғӯши меҳр кушоданд. Бо ташаббуси Роҳбари давлат дар кишварамон Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат ба фаъолият сар кард. Оинномаи ин ҳаракат бо хоҳишҳои дили одамон мувофиқ буд ва одамон ба ин ҳаракат пайвастанд. Вазъ муътадил шудан гирифт, корҳо пешрав шуданд.
Дар соли 1998 Анҷумани IV ҲХДТ баргузор гардид ва ин оғози давраи нав дар ҳаёти сиёсии мамлакатамон ҳисобида мешавад. Аниқтараш баъди 4-соли мавҷудият, амал ва фаъолияти густурда Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тағйири ном кард. Мо аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин ҳизб ҷонибдори он будем. Ва баъди баргузории Конфренсияи якуми ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ба сафҳои он пайвастем. Зеро ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии ин созмони сиёсӣ ба беҳдошти рӯзгори мардум ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол нигаронда шуда буданд. Ҳамаи ҳамдеҳагонам низ дар суҳбат бо банда ҷонибдори ҲХДТ буданашонро изҳор медоштанд. Дар деҳа аз ҳисоби мутахассисон ва ҷонибдорони ҲХДТ ташкилоти ибтидоии ҳизбро созмон додем ва маро раиси созмони ибтидоӣ интихоб намуданд. Кумитаи маҳалла, ташкилоти ибтидоии ҳизб ва фаъолон бо мардум фаъолона кор бурда, дар мавзӯъҳои оинномавии ҳизб, ҳалли аҳдофи стратегии кишвар, таълиму тарбияи насли ҷавон, риояи талаботи қонуни танзим ва ғайра мунтазам суҳбату вохӯриҳо доир мекунем. Набзи ҳаёти деҳаро ба даст гирифта, дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои марбута ва мақомоти дахлдор пайваста дар мавриди пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-эктеремистӣ ҷамъомаду маҷлисҳо меороем.
Намегузорем, ки гурӯҳҳои ифротӣ насли ҷавонро мағзшӯӣ намоянд. Пешгирии паҳншавии омилҳои номатлубро ҳадафи хеш қарор дода, тарзи ҳаёти солимро тарғиб мекунем. Ба ободиву бунёдкорӣ аҳамият дода, чанд иншооти барои деҳаамон заруриро бунёд кардем ва ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамон нақша-чорабинии махсус тартиб дода, фаъолона кор бурда истодаем.
Имрӯз ҳизби мо ба қувваи бузурги сиёсӣ табдил ёфтааст. Ҳамчун ташкилоти сиёсӣ ба камол расида, ҷомеаи муосири Тоҷикистонро ба ояндаи дурахшон ҳидоятгар аст. Мо ба ин хотир барои тақвияти робитаи ҳизб бо маҳал корҳои мушаххасро сомон дода, ҷаҳд бар он дорем, ки масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини деҳаро баланд бардорем. Дар раванди бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи арзанда гузорем.
Қурбонов САИДҶОН – собиқадори ҳизб, сокини деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти “20-солагии Истиқлолият”-и ноҳияи Вахш