БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замоне дар фазои сиёсии кишвар зуҳур кард, ки ҷомеаи мо нором ва дучори бӯрҳони сиёсӣ ва иқтисодӣ буд. Албата, он айём ба боварии мардум сазовор гаштан ва ҷомеаро аз паси худ бурдан кори осон набуд, чунки мардум аз ҳизбу ҳизб бозиҳо хаста шуда, дигар ба онҳо бовар надоштанд.

Дар ин давраи тақдирсоз неруе лозим буд, ки қувваҳои ақлонии Ватанро мутаҳид созад, сулҳу салоҳ, истиқлолияти миллӣ ва давлатиро дифоъ, якпорчагии кишварро таъмину мардумро ба меҳнати софдилона ва бунёдкорона даъват намояд.

Дар чунин давраи душвори ба сари миллати тоҷик омада бо таклифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 1994  ҳизбе  бо  номи  Ҳизби Халқии Тоҷикистон  ташкил карда шуд, ки баъдан номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро  гирифт.

 Имсол аз таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 25 сол сипарӣ  гардид, ки дар тӯли 25-сол фаъолияти самарабахши хешро дар тамоми самтҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ дуруст ба роҳ гузошта, ба натиҷаҳои дилхоҳ ва ба  комёбиҳои назарас ноил гаштааст.

Зеро, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон  маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди  мардумӣ  ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, расидан ба Ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст.

Қайд кардан зарур аст, ки роҳбари ин ҳизби созанда Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад, ки дар воқеъ ин абармарди хирад бо андешаю маърифати волояш тавонист, ки Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистонро ба як ҳизби пирӯз ва роҳнамои миллат табдил диҳад.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, ки (16 феврали соли 2018)  баргузор  гардида буд, дар баромадашон қайд намуданд, ки робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси муваффақиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад.

 Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон бо тамоми ҳастияш баҳри ободию гулгулшукуфоии Ватани азизамон Тоҷикистон саъю талошҳои зиёд намуда, баҳри  баланд бардоштани вазъи сиёсию иҷтимоии мардуми  сарбалнади  кишвар нақши муҳиму арзанда гузоштааст.

Аз ин рӯ  ин ҳизбро мардум ҳамчун як ҳизбӣ раҳнамунсоз ва ғамхори давлату миллат пиндоштаанду ва мепиндорандаш. Дар тамоми набардҳои сиёсӣ бо қабули қарору барномаҳои нав ба нави худ ба мувафақиятҳои назарас ноил гашта, барои ҳалӣ мушкилотҳои ҷойдоштаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кӯшишҳои зиёд ба харҷ додаааст, ки дар ин роҳ ба натиҷаҳои дилхоҳ комёб гардиааст. Имрӯз, ки миллату давлат ба ин ҳизби раҳнамунсоз   такя мекунад, пас аз ҳар як масъулини соҳа тақозо карда мешавад, ки дар вазифаҳои интихоб намудаашон пурмасъул буда, ба ин давлату миллат содиқонаю софдилона хизматҳои арзанда намоянд.

Бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баҳри рушди созандагию бунёдкорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд ва ба дигар корҳои хайру сахо ҷалб намудани аъзоёни фаъоли ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва шахсони саховатпеша дар доираи аксияи  ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»!  ба тамоми  кумитаҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дастуру супоришҳои мушахас дода шуд, ки корҳои болозикр амалӣ гардонида шаванд. Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ноҳияи Балҷувон низ дар самти корҳои созандагию бунёдкорӣ дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем»! як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Имрӯзҳо мо дар шароити то рафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳонӣ, густариш ва пайдо кардани зуҳуротҳои ниҳоят хатарноки асри нав-терроризму экстремизм қарор дорем, ки ин падидаҳои номатлуб  яке аз омилҳои хавфнок ва проблемаҳои глобалии ҷомеа ба ҳисоб рафта, аз мо ҳизбиён тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати татбиқи  барномаҳои давлатӣ ва ҳизбӣ, ки асосҳои ҳаёти доранд афзалияти бештар дода, муборизаи дастҷамъона бар зидди терроризму экстремизм бояд вазифа ва қарзӣ шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон гардонида, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин сарзамини биҳиштосоро аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳони муосир муҳофизат намоему дар бунёдкориву созандагӣ ҳиссагузор бошем.

Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи барномаҳои ҳизбӣ, амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон миёни аъзоёнӣ ҳизб, сокинони деҳаю маҳалла суҳбату вохӯриҳои судманд доир кардада, мардумро ба роҳи созандагию бунёдкори даъват менамояд, ки ин ҳам яке аз  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ мебошад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демекратии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон соли 1998 таъсис ёфта аз давраи таъсисёбӣ то ба имрӯз фаъолияти пурсамар намуда, имрӯз аъзои он ба 1936-нафарро дар 84-ташкилоти ибтидоии таъсиснамуда мутаҳид гардонида, корҳои назараси ҳизбиро аз рӯи барнома, оинома ва ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ рӯи кор гузоштааст.

Маҳз самараи даврони соҳибистиқлолӣ ва рушду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон аст, ки барои мо ҳизбиён шароитҳои хуби корӣ фароҳам гардонида шудааст.Ҳамчунин, қайд кардан зарур аст, ки бахшида ба 25 - солагии таъсисёбии ҲХДТ дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат ҳизбиёни ноҳияи Балҷувон низ бо бинои маъмурии Кумитаи иҷроия дар ноҳия ва мошини хизмати  сарфарфароз гардонида шуданд.

Аз ин рӯ мо кормандони ҳизбро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон камари ҳиммат баста, бо як масъулияти баланди ватансози ба халқу давлат хизмат намоем. 

 

 Мирзозода Исуф, раиси Кумитаи

иҷроияи ҲХДТ дар  ноҳияи Балҷувон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg