БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИМОЯИ МАРЗ НОМУСИ МИЛЛӢ МЕБОШАД

ВОКУНИШ. Рӯзи 18-уми декабри соли сипаришаванда хабари сар задани муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни сокинони ду кишварро, ки боиси тирпаронии марзбонони ҷонибҳогардид, шунида хеле нороҳат гаштам.

Дар ҳодисаи мазкур талафоти ҷонӣ набошад, ҳам вале мутаасифона сокинони наздимарзии Қирғизистон аз шумули ҳамватанони мо як хонандаи мактаб ва имоми маҳаллаи тоҷиконро латту кӯб кардаанд. Тибқи идаои ҷониби Қирғизистон бошад як корманди умури дохилии он кишвар ва панҷ каси дигар бар асари занозанӣ  захмӣ гаштаанд. Агар ҳодисоти нохуши дар  давоми сол дар марзи ду давлати ҳамсоякишвар рухдодаро таҳлил намоем, аён мегардад, ки бар асари сар задани муноқишаҳо аз ҳарду кишвар талафоти ҷонӣ додаанд, ки мо фавтидагонро ҳаргиз ба худиву бегона ҷудо намекунем, балки ба марги одамон, инсонвор андуҳгин мегардем.

Миллати бо фарҳангу тамадунофари тоҷик дар тӯли мавҷудияти хеш ҳаргиз ба сари миллати ғайр даст боло накардааст ва ба хоки бегона ҳам  чашм ало накардааст. Вале дар тули таърих чандин маротиб барои ҳимояи марзу бум мардонавор бархоста таҷовузкорону ғосибони аҷнабиро саркуб намуда, аз сарзамини аҷдодиаш пеш намудааст. Дар замони муосир, ки бар асари тақсимоти нодурусту ноодилонаи марзиву ҳудудии собиқ ИҶШС  қисмате аз замини муқадаси Ватани азизи мо дар марзи Қирғизистон дар ҳолати анклав қарор дорад, дар муносиботи ҳамсоягии мо мушкилоти зиёдеро эҷод кардааст.

Бародарони қирғиз аз таҳамулгароии миллати мо суйистифода намуда, бо ҳар баҳонае бо гузашти фосилаи фурсати андаке ба таҳқиру озори мардуми мо даст мезананд. Амалҳои ноҷавонмардонаву бадхоҳонаи қирғизҳо бародарони сокини наздимарзии моро маҷбур месозад, ки барои ҳифзи ору номуси худ муқобилият нишон диҳанд.  

Бояд тазаккур дод, ки идома ёфтани баҳсу муноқишаҳои доимӣ байни сокинони наздимарзии ду кишвар метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи кишварҳо латма ворид намуда, ба муноқишаи байни ду давлат оварда расонад. Ҷониби кишвари мо борҳо эълон намуда буд, ки ҳамагуна баҳсҳои мавҷудаи марзӣ байни ду давлат бояд бо роҳи гуфтушуниду музокироти ҷонибҳо тарқи роҳҳои дипломатӣ ҳаллу фасл карда шавад.  Музокироти охирини ҳайатҳои давлатии ҳарду ҷониб таҳти роҳбарии сарварони кишварҳои ҳамсоя барои хотима додани баҳсҳои мавҷуда заминаи боэътимод гузошт ва барои ҳалли мушкилотҳои мавҷуда ба тавофуқ расиданд. Вале баъди расидан ба тавофуқ ва бо айби ҳамсоякишвар боз сарзадани муноқиша байни сокинони наздимарзӣ  гумону тахминҳои зиёдро ба вуҷуд меорад. Яке аз тахминҳои асосӣ ва эътимодноки мо он аст, ки шояд роҳбарияти олии сиёсии Қирғизистон дар байни сокинони наздимарзии кишвари худ эътибору маҳбубият надоранд  ва ё гурӯҳҳои бадхоҳ ба ҳар роҳу восита барои амалӣ кардани ҳадафҳои нопокашон намехоҳанд масоили ҳалталаби марзӣ байни ду ҳамсоякишвар ҳалу фасл гардад.

Масъалаи марзӣ дар ҳама давру замон яке аз масоили ҳассоси миллӣ ба шумор рафта, ҷиҳати  ҳалли одилонаи он барои ҷонибҳо пеш аз ҳама таҳамулпазирӣ ва шинохти манфиатҳои тарафайну эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар муҳим мебошад. Нодида гирифтани манфиатҳои тарафайну якҷониба муносибат кардан ба масъалаи марзӣ метавонад фоҷеаи бузургеро ба вуҷуд орад.

Воқеъоту ҳодисоти рухдодаи дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро воқеъбинона таҳлил намоем бараъло аён мегардад, ки дар ҳамаи ҳолатҳои муноқишаҳои руйдода сокинони ҷониби ҳамсоякишвар сабабгор гаштаанд. Вале бародарони қирғиз набояд таҳамулпазириву инсондӯстии моро ба сифати тарсу ва заифӣ қабул намоянд, вагарна ҳар як ҷавонмарди бо ору номуси тоҷик барои ҳимояи хоки муқадаси Ватан метавонад ба даҳо нафар ғосибу бадхоҳ муқобилияти беамон нишон диҳад. Мо итминони комил дорем, ки ақли солим боло мегираду бародарони қирғиз минбаъд бо ҳамсоягони худ бадрафторӣ накарда бо ҳусни тафоҳум ва ҳамҷавории дустона муносиботи худро ба роҳ мемонанд.

  

Маҳмадов Одилҷон,

раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg