БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ВАЗИФАҲОИ ХУДРО ГИРИФТЕМ

АНДЕША. Мо имрӯз бо ҳамроҳии аҳли кормандон Паёми навбатии Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намудем.

Нуқтаи ҷолибе, ки Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ин буд ки: “Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд”. Дар зери мафҳуми ин сухани Пешвои миллат як ҷаҳон маънӣ ва як ҷаҳон масъулият мебошад, ки бояд ҳар сокини мамлакат ин нуқтаро ба дурусти дарк кунад ва масъулияти худро бо ифтихор иҷро кунад.  

Ҳамзамон, Президенти мамлакат ҷиҳати баланд баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон таъкид доштанд, ки мо бояд ба оламиён осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги миллии худро муаррифи кунем. Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.

 Дар ин робита Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби Тоҷиконро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Ин иқдоми наҷиби Пешвои миллат мо ҷавононро рӯҳбаланд кард.

 

Иззатуллоев Аҳлиддин,

корманди Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар вилояти Хатлон 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg