БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЗАНОНУ БОНУВОН РУҲУ ИЛҲОМИ ТОЗА БАХШИД

АНДЕША. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонсанаи 26.12.2019 иброз намуданд, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, алалхусус дар бораи фаъолияти занону бонувони даврони соҳибистиқлолии кишвар таъкид карданд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Дар соҳаи кишоварзӣ низ саҳми занону духтарон бисёр арзишманд мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳо доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем.

Бовар дорам, ки дар интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шумораи бонувон бештар мешавад ва онҳо дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолона ширкат хоҳанд кард.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Суханрониҳои Роҳбари давлат мо занону модаронро бори дигар ба дӯст доштани Ватан, арҷ гузоштан ба арзишҳои воло ва тарбияи дурусти насли ояндасоз дилгарм сохта, ба мо руҳу илҳоми тоза бахшид. Кӯшиш мекунем дар оянда низ сазовори боварии Пешвои миллат гашта, бо истифода аз шароитҳои хубу мусоиди фароҳамовардашуда дастуру супоришҳои ояндасозро дар кору фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда гузорем.

Зебо Бозорова, сокини ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg