БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИҲОЛИ ПУРСАМАР

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии роҳбати ТҶҶ «Сазандагони Ватан»-и ноҳияи Фархор бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24- и деҳаи Сайф Раҳими Афардӣ доир гардид

Дар суҳбат мавсуф оид ба дӯстиву рафоқат дар байни ҷавонон баромад намуда, кайд кард, ки дӯстиву рафоқат дар идеали ҳар як инсон мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Зиндагӣ, ҳаёт бе дӯст мавҷуд буда наметавонад. Мо аз замони наврасӣ шурӯъ карда, бо хоҳишу табъу завқи худ ёру бародар, дӯст пайдо менамоем. Гузаштагони мову шумо дӯстиву рафоқатро васфу ситоиш намуда, гуфтаанд: “Бародар беҳтар аст, ё дӯст? – Бародар, дар сурате, ки дӯст бошад”.

Ба назари ман дар ин гуфтаҳо маънии баланд ифода гардидааст, ки арзиши аслии калимаи дӯстро барои инсонҳо шарҳ додааст. Дӯстиву рафоқат дар ҳаёти мову шумо чӣ мавқеъ дорад? Дӯст кист ва дӯстӣ чист? Хостам андешаҳоямро доир ба ин мавзӯи ҷолибу муҳим баён кунам. Ҳаёт аз оила ибтидо мегирад. Дӯстиву рафоқат бошад, чароғи хонадони оила, равшангари дилу дидаҳо мебошад. Бинобар ин, дар он ҷое, ки дӯстиву рафоқат ҷой дошта бошад, ҳамеша сулҳу салоҳ дар он хонаву дар поянда буда, бахту саодат побарҷост. Мо бояд дар ҳаёт ба қадри дӯстону дӯстӣ бирасем ва бештар дӯстони меҳрубонамонро дарёбем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg