БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН АЗ ҚИШРИ ФАЪОЛИ ҶОМЕА БА ҲИСОБ МЕРАВАНД

АНДЕША. Тавре медонем, солҳои 90-ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги таҳмили шаҳрвандӣ ба миён омад, мардум парешон гашт, давлат фалаҷ гардид ва нестшавӣ миллати тоҷикро таҳдид мекард. Ин ҷанг ба мардуми тоҷик, харобиҳои зиёд овард ва боис шуд, ки ҳазорҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, ҳазорҳо занону модарон бешавҳар ва ҳазорҳо кӯдакон бепадар монданд.

Дар ин ҷо баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ мехостанд ба сари халқи тоҷик фарҳанги бегонаро бор созанд ва аз ҳама пеш мехостанд мавқеи занро дар ҷомеа бо ақидаҳои носолим танг кунанд. Дар  ин миён ҳизбе ва роҳбаре лозим буд, ки мардумро муттаҳид созад ва ваҳдату суботро дар ҷомеа таъмин намояд.

Бахт ба рӯи миллати тоҷик хандид ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат омад ва ҳизби ормонҳои халқро яъне ҲХДТ-ро, ки ҳадафи асосиаш хизмат ба халқ ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ба мардум мебошад, таъсис дод.

Чунин аз худгузариҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба яке аз аз давлатҳои ба ҳисоб меравад, ки пайваста дар ҳалли мушкилотҳои глабалӣ саҳмгузорӣ менамояд. Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар байни дигар давлатҳо махсусан бо терроризму экстремизм  муборизаи шадид бурда, амнияти мардумро таъмин менамояд. Маҳз чунин ташаббусҳо буд, ки Тоҷикистон дар қатори панҷ гонаи давлатҳои аз лиҳози пойдории амну субот қарор гирифтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш таъкид менамоянд: “Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад”.

 Пеш аз ҳама хушбахтии мо занон аст, ки бо шарофати Сарвари давлат дар баробари соҳибистиқлолии мамлакат мавқеи зан дар ҷомеа ҳаматарафа баланд бардошта шуд. Воқеан зани тоҷик имрӯз хушбахтарин занон мебошанд, ки аз баракати истиқлолият дар фазои сулҳу оромӣ ба тарбияи насли ояндасоз машғуланд. Дар ҳақиқат бодарназардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модарон ҳамеша дар маркази диққат қарор дошта, дар доираи имкон нисбати онҳо ғамхорӣ зоҳир мегардад.

Қабули як силсила фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ, дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои интихоб ҷобаҷогузории кадрҳои  роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Дар ин росто Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “Дар ҷаҳони муосир, ки беш аз ҳар давраи дигар асосу мураккаб мебошад, махсусан имрӯз ифротгароиву терроризм ба як зуҳуроти бениҳоят ташвишовар ва зиёда аз ин, ба вабои аср мубаддал гардидаааст занонро мебояд дар тарбияи фарзандон масъулияти бештаро зоҳир намоянд”.

Дар ҷомеаи мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" қабул шудааст ва хело хуб амал дорад . Бояд қайд кард, ки маҳз зан-модар дар тарбияи ахлоқии фарзанд нақши муҳим мебозад. Чун имрӯз занони ҳизбӣ дар ҳамаи корҳо пешсафанд, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои роҳбарияти давлат моро зарур аст нисбати тарбияи фарзандон дар рӯҳияи миллатдӯстиву меҳанпарвар бо масъулияти бештар муносибат кунем. Агар насли наврасу ҷавон дуруст тарбия ёбанд, албатта ин хушбахтии ҳам оила ва ҷомеа мегардад.

 Имрӯз дар сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 6 ҳазор нафар занон ғояҳои созандаи ҲХДТ-ро пеш бурда истодаанд. Мо боз аз он хурсанд ҳастем, ки занон дар сафи пеши пайкору ташаббускориҳои ҳизбию сиёсӣ қарор дорем.

Умуман дастгирии занон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мушоҳида мешуд, ки ин қишри ҷомеа ҳоло дар соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ хизмати босазо карда истодаанд.

Аз шумори чунин занҳои мувафақ дар самти сиёсат Маҷидова Кенҷамо, Валиева Саъбагул, Ҳақназарова Зулайхо, Худойдодова Шарофат ва Иброҳимзода Мумина барои устувории пояҳои давлатдорӣ нерӯи созандаи худро равона месозанд.

Дар самти маориф бошад, Одилзода Дилбар, Гулмадова Кибриё, Даминова Арафа, Маҳмудзода Қумриниссо, Файзуллоева Мошариф ва Сайдалиева Оламбӣ, ки барои донишманд гардидани насли наврасу ҷавон саҳми бевоситаи худро гузошта истодаанд.

 Дар самти тандурустӣ бошад, Гадоева Ҳалима, Хоҷаева Сафаргул, Ҳасанова Адолат ва Ёрмадова Зифнунбӣ барои солимии ҷомеа яке, ки аз сиёсати меҳварии давлату Ҳукумат ба ҳисоб меравад саҳмгузорӣ карда истодаанд.

 Дар самти соҳаи фарҳанг бошад, Раҷабова Мавҷуда, Қосимова Садбарг ва Абдуллоева Сайлонбӣ ба рӯи саҳнаи тоҷик овардани чеҳраи лаёқатманд ҷаҳду талош карда истодаанд.

Ҳамзамон, дар шаҳри Кӯлоб 8-нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва 2-нафар зан вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон мебошанд.

Инчунин, дар Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе доир шуд, аз шаҳри Кӯлоб 44 нафар вакилон иштирок доштанд, ки аз ин шумора 16 нафарро занон ташкил медод. Дар баробари ин боиси хушниди аст, ки як нафар зани фаъол аз шаҳри Кӯлоб - Одилзода Дилбар ба ҳайси аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 Агар кадом самту соҳаеро номбар насозем, дар он метавон саҳми занонро мушоҳида кард, ки ин аз неруи бузурги созандаи ин қишри ҷомеа шаҳодат медиҳад.

Дар охир гуфтаниям, ки мо занон ҳамеша зери ақидаҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ободии диёр ва пеш аз ҳама баланд гардидани мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа мунтазам талош карда, неруи худро дар ин самт дареғ нахоҳем дошт.

        

Мунаввараи Бозоралӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg