
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан на танҳо шараф, балки масъулияти баланд низ мебошад.
Имрӯзҳо нақши фаъолонаи аъзои ҲХДТ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст.
Яке аз узви фаъоли ҲХДТ ин Зоирова Мадина мебошад, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсияш дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” дар таъмири ҷӯйбори обгузари назди муассисаи таҳсилоти томактабии №7 – и ноҳияи Кӯшониён саҳми беандозаи худро гузошт.
Бояд тазаккур дод, ки Аксияи ҳизбӣ ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирии сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.